Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Евкуров аз мансабдорони фосид


Раҳбари ҷумҳурии ошӯбзадаи Ингушистони Русия Юнусбек Евкуров гуфт, фасоди фарогир ба фаъолияти чирикиҳои исломӣ дар ин минтақа кӯмак мекунад. Евкуров дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерс гуфт, ҷангиён медонанд, ки мансабдорон ба осонӣ харида мешаванд ва аз ин рӯ ба мақомот пул медиҳанд. Евкуров афзуд, ин чунин маъно дорад, ки мақомоти фасодзада ба террористону ҷангиён ёрӣ мерасонанд.
Евкуров, ки дар моҳи июн аз як сӯъиқасд ҷони солим ба дар овард, тааҳҳуд супурда, ки мақомоти фасодкорро сахтгирона муҷозот хоҳад кард. Ингушистон, ин ҷумҳурии бо Чеченистон ҳамҷавор дар ҷануби Русия, тайи солҳои охир бо мавҷи афзояндаи ҳамалоти ҷангиёни исломӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG