Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди панҷуми "инқилоби норанҷӣ"


Дар Украина аз солгарди панҷуми “инқилоби норанҷӣ” таҷлил мекунанд. Дар таърихи 22 ноябри соли 2004 ҳазорон нафар дар маркази Киев ба нишони эътироз ба натоиҷи расмии интихобот, ки номзади русиягаро Виктор Януковичро баранда эълон кард, гирди ҳам омаданд. Дар пайи 3 ҳафтаи эътирозҳо пирӯзии Янукович лағв шуд ва дар даври дуввуми интихобот номзади рӯ ба Ғарб Виктор Юшенко ғолиб омад.
Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар дар майдони марказии Киев ба хотири таҷлили “инқилоби норанҷӣ” ҷамъ шуданд. Юшенко дар баробари ин мардум суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG