Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти кайҳоннавард Константин Феоктистов


Константин Феоктистов, яке аз нахустин кайҳоннавардони Шӯравӣ дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Ожонсии кайҳоншиносии Русия бо нашри як баёния гуфт, Феоктистов шоми шанбе дар Маскав даргузаштааст. Феоктистов ҳамроҳ бо 2 кайҳоннаварди дигар соли 1964 тавассути киштии кайҳонии “Восход” ба кайҳон парвоз карда буд. Ин нахустин парвози гурӯҳӣ ба мадори Замин буд. Феоктистов танҳо кайҳоннаварди шӯравист, ки узви ҳизби дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукмрони коммунист набуд.
XS
SM
MD
LG