Пайвандҳои дастрасӣ

Фазонаварди НАСА дар кайҳон соҳиби духтар шуд


Фазонаварди амрикоӣ Рандӣ Бресник ҳанӯз дар киштии кайҳонии “Атлантис” гирди мадори Замин чарх мезад, ки ҳамсараш дар Замин духтари дӯстрӯеро ба дунё овард. Абигайл Мэй Бресник рӯзи 20 ноябр, ҳамагӣ як рӯз қабл аз анҷоми парвози кайҳонии падараш дар шаҳри Ҳюстони аёлати Техас дида ба ҷаҳон кушод. НАСА, Ожонсии кайҳоншиносии Амрико мегӯяд, ки тайи 5 соли охир бори дуввум аст, ки чунин мавриди падаршавии фазонавардон мушоҳида мешавад. Рандӣ Бресник то кунун як писари сесола дошт, ки ӯву ҳамсараш аз Украина ба фарзандӣ қабул кардаанд.
XS
SM
MD
LG