Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари чоррӯзаи сарвазири Ҳинд ба Амрико


Сарвазири Ҳинд Манмуҳон Сингҳ дирӯз сафари чоррӯзаи расмиаш ба Амрикоро оғоз кард. Қарор аст, ки ӯ бо як силсила мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла рӯзи сешанбе бо раисиҷумҳур Барак Обама мулоқот кунад. Интизор меравад, Сингҳ ва Обама масоиле, чун вазъи Афғонистон ва тағйири иқлим ва ҳам равобити Ҳинду Амрикоро баррасӣ кунанд.
Манмуҳон Сингҳ дар арафаи сафараш аз аломатҳои эҳёи иқтисоди Амрико тавсиф карда ва гуфтугӯҳо пиромуни табдили доллар аз мақоми пули аслии байналмилалиро радд кард. Сингҳ гуфт, феълан пуле, ки ҷои долларро гирифта тавонад, вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG