Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абтаҳӣ ба шаш сол маҳкум, вале феълан бо гарав озод шуд


Собиқ муовини раиси ҷумҳурии Эрон Муҳаммадалии Абтаҳӣ барои мушорикаташ дар ошӯбҳои баъдиинтихоботии моҳи июни имсол ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Хабаргузории ИРНО мегӯяд, ки ҳукми ӯ имрӯз эълон шуд, вале тибқи хабарҳо Абтаҳӣ то бознигарӣ шудани қарори додгоҳ бар ивази гаравпулӣ озод шудааст. Назар ба иттилои хабаргузории ИСНО, арзиши гарав дар ҳудуди 700 ҳазор доллар гуфта мешавад.
Абтаҳӣ, ки дар солҳои раёсатҷумҳурии Муҳаммади Хотамии ислоҳотталаб (дар миёни солҳои 1997-2005) муовини ӯ будааст, дар интихоботи президентии тобистони имсол ба унвони мушовири номзади мухолифин Меҳдии Каррубӣ хизмат кардааст. Вай дафъатан баъди ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ бо ҷурми даст доштан дар кӯшиши аз байн бурдани ҳукумати исломӣ боздошт шуда буд. Баъди он ки дар як баёноти телевизиониаш Абтаҳӣ ба қавле аз карда пушаймон шуда талошҳои эҳтимолии худро барои заиф кардани ҳукумати имрӯза эътироф ва ҳатто шароити нигаҳдошти худро дар зиндон ситоиш карда буд, бисёриҳо бовар доштанд, ки эҳтимолан ба ӯ ҳукми нармтарро раво хоҳанд дид.
XS
SM
MD
LG