Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай дар фикри ташкили Лоя Ҷирга аст


Сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки ба хотири дастёбӣ ба сулҳу субот бо Толибон Ҳомиди Карзай метавонад ба нишасти Лоя Ҷирга ё маҷлиси ришсафедон ҷангиёнро даъват кунад. Ройтерс дар нақли қавл аз Ҳомиди Илмӣ мегӯяд, ки ҳоло ҳукумати Карзай ду имкониятро мадди назар қарор додааст: яке баргузории Лоя Ҷирга бидуни ҳузури ҷангиён ва бо ширкати намояндагони гурӯҳҳои густардаи мардуми Афғонистон аст, ки масъалаи оштӣ бо ҷангиён баррасӣ шавад, ва имкони дигар - даъвати баъзе аз ҷангиён ба ин нишаст аст. Сухангӯи Карзай гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ мехоҳад ин ҳамоишро пеш аз баргузории интихоботи парлумонии соли оянда, ки ба моҳи июн таъйин шудааст, доир кунад. Ҳомиди Карзай дар маросими адои савганд ҳафтаи ҷорӣ гуфта буд, ки мехоҳад чунин як маҷлиси аъзои шӯроҳоро ташкил карда масъалаи дастёбӣ ба сулҳро бо онҳо баррасӣ кунад. Толибон гуфтаанд, ки то замони идомаёбии ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон бо Карзай музокира нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG