Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 4 зоир дар Макка бар асари зукоми хук


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ки чаҳор зоири хориҷӣ дар Макка бар асари гирифторӣ ба зукоми хук ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати беҳдошти ин кишвар мегӯяд, ки се қурбонии ин вирус 75 сол дошта шаҳрвандони Судон, Ҳинд ва Марокаш будаанд. Нафари чаҳорӯми қурбонии зукоми хук як ҷавони 17-солаи сокини Нигерия мебошад.

Хабари мазкур дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи чоршанбе бояд маросими аслии адои ҳаҷ оғоз шавад. Ҳар сол дар ин маросимҳо ҳудудан се миллион мусалмон, аз ҷумла ду миллион мусалмони хориҷӣ иштирок мекунанд.

Қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз хуруҷи зукоми хук аз имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои шумори зоирон эълон карданд.

Вале тибқи омори расмии ин кишвар, теъдоди зоирони имсола аз солҳои қаблӣ фарқ надорад ва ҳудуди 3 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Аз Тоҷикистон имсол қарор аст, 5300 зоир маросими ҳаҷҷи акбарро ба ҷо биёранд.

Мақомоти беҳдоштии ҷаҳонӣ изҳори ташвиш мекунанд, ки хатари гирифторӣ ба вируси марговари зукоми хук маҳз дар маҳалли таҷаммӯи шумори зиёди мардум афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG