Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор зоир дар Макка бар асари зукоми хук


Арабистони Саъудӣ мегӯяд, ки чаҳор зоири хонаи худо дар Макка бар асари гирифторӣ ба зукоми хук ҷони худро аз даст доданд. Вазорати беҳдошти ин кишвар мегӯяд, ки се қурбонии ин вирус 75 сол дошта шаҳрвандони Судон, Ҳинд ва Марокаш буданд. Нафари чаҳорӯми қурбонии зукоми хук як ҷавони 17-солаи сокини Нигерия будааст. Хабари мазкур дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи чоршанбе бояд маросими аслии адои ҳаҷ оғоз шавад. Ҳар сол дар ин маросимҳо ҳудудан се миллион мусалмон, аз ҷумла ду миллион мусалмони хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон имсол қарор аст 5300 зоир маросими ҳаҷҷи акбарро ба ҷо биёранд.
Мақомоти беҳдошти ҷаҳонӣ изҳори ташвиш мекунанд, ки хатари гирифторӣ ба вируси марговари зукоми хук маҳз дар маҳалли таҷаммӯи шумори зиёди мардум афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG