Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти низоми беҳдошти Амрико баҳс хоҳад шуд


Сенати Амрико барои оғози баррасии ҳамаҷонибаи тарҳи ислоҳоти низоми беҳдошти Иёлоти Муттаҳида раъй дод. Ба ҷонибдории ин баҳсҳо 60 вакили демократ раъйи мусбат ва 39 вакили ҷумҳурихоҳ раъйи мухолиф доданд. Ҳадафи Барак Обама аз ислоҳот ин аст, ки хадамоти беҳдоштро барои миллионҳо амрикоиҳои бидуни суғуртаи тиббӣ дастрас гардонад. Қарор аст баҳсҳои сенат дар ин мавзӯъ рӯзи 30 ноябр шурӯъ шуда се ҳафта давом кунад. Мухолифати ҷумҳурихоҳҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки барои амалисозии чунин як ислоҳоте дар давоми даҳ соли оянда садҳо миллиард доллар маблағ лозим мешавад.
XS
SM
MD
LG