Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давандаҳо бо парчами миллӣ ба Ваҳдат расиданд


Дави марафонӣ ба ифтихори Рӯзи парчами миллии Тоҷикистон, ки дирӯз аз шаҳри Турсунзода шурӯъ шуд, имрӯз дар Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат идома пайдо кард. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ташаббускори ин маросим мегӯяд, масофаи дав 176 километрро ташкил дода дар роҳи мошингарди самти Турсунзода–Шаҳринав–Душанбе–Ваҳдат–Файзобод–Обигарм–Роғун баргузор мешавад. Дар дави марафонӣ 23 варзишгари бошгоҳи дӯстдорони дави «Ағба»-и ширкати алюминии тоҷик иштирок доранд ва дар ҳар як шаҳру навоҳӣ садҳо ҳаводорони варзиш ба онҳо пайваста, масофаи муайянро тай мекунанд. Онҳо қарор аст 24-уми ноябр ба охирин нуқтаи марафон - шаҳри Роғун расида парчами миллии Тоҷикистонро дар яке аз баландиҳои ин сохтмон насб кунанд. Бар тибқи қарори нави ҳукумат, ҳар сол рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ таҷлил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG