Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Абтаҳӣ ба зиндон маҳкум шуд


Аз Эрон гузориш мешавад, ки собиқ муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар Муҳаммадалии Абтаҳӣ барои мушорикаташ дар ошӯбҳои баъдиинтихоботии моҳи июни имсол ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Абтаҳӣ, ки дар солҳои раёсатҷумҳурии Муҳаммади Хотамии ислоҳотталаб (дар миёни солҳои 1997-2005) муовини ӯ будааст, дар интихоботи президентии тобистони имсол ба унвони мушовири номзади мухолифин Меҳдии Каррубӣ хизмат кардааст. Вай дафъатан баъди ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ бо ҷурми даст доштан дар кӯшиши аз байн бурдани ҳукумати исломӣ боздошт шуда буд. Бар тибқи нашрияи “Ҷаҳони иқтисод” худи Абтаҳӣ рӯзи шанбе дар бораи ҳукми додгоҳ огоҳонида шудааст. Вале то ҳол тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест. Баъди он ки дар як баёноти телевизиониаш Абтаҳӣ ба қавле аз карда пушаймон шуда талошҳои эҳтимолии худро барои заиф кардани ҳукумати имрӯза эътироф ва ҳатто шароити нигаҳдошти худро дар зиндон ситоиш карда буд, бисёриҳо бовар доштанд, ки эҳтимолан ба ӯ ҳукми нармтарро раво хоҳанд дид.
XS
SM
MD
LG