Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Амрикои Лотинӣ сафар кард


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз бо ҳадафи анҷоми як сафари панҷрӯза ба Амрикои Лотиниву Африқои Ғарбӣ Теҳронро тарк кард. Вай дар ин сафар аз Бразилия, Венесуэла, Боливия, Сенегал ва Гамбия дидан хоҳад кард. Дар Бразилия Аҳмадинажод дар баробари масъалаҳои дигар мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши фанновариҳо, тавлиди нафт ва фатҳи кайҳонро баррасӣ хоҳад кард. Дар Боливия дар паи як мулоқоти хусусӣ бо президент Эво Моралес як қатор созишномаҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо хоҳад расид. Раҳбари Венесуэла Уго Чавес ҳам гуфтааст, ки Аҳмадинажодро дар як шароити фавқулодда хубе мизбонӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG