Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти нави НАТО дар Афғонистон


НАТО масъулияти фармондеҳии тамринҳои артиши милии Афғонистон ва нирӯҳои полисро ба ӯҳда гирифт. Ҳайати амалкунандаи омӯзишии амрикоӣ, ки то ҳол масъули баргузории ҳама тамринҳо будааст, ҳамакнун бо ҳайати нави омӯзишии НАТО ҳамоиш ёфта зери фармондеҳии НАТО амал хоҳад кард. Муовини фармондеҳи ҳайати нави НАТО генерал-майор Майкл Ворд гуфт, ки ба эътимоди ӯ ин таҳаввулот боиси ирсоли ҳайати бештари тамринии НАТО ба Афғонистон шуда барои суръат бахшидани ҷараёни тавсеаи нирӯҳо кӯмак хоҳад кард. Ворд афзуд, ки ҳадафи билофосилаи онҳо ин аст, ки шумори артишро то ба 134 ҳазор ва нирӯҳои полис то ба 96,800 нафар афзоиш дода шавад.
XS
SM
MD
LG