Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози машқҳои ҳавоӣ дар Эрон


Имрӯз дар Эрон машқҳои дифои ҳавоии густарда шурӯъ мешавад. Генерал Аҳмади Мейғонӣ, раҳбари нирӯҳои дифои ҳавоӣ гуфт, ки маневрҳо панҷ рӯз идома карда ҳадафашон ҳимоят аз таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ мебошад. Оқои Мейғонӣ инчунин огоҳ кардааст, ки агар Русия Эронро мутобиқи шартномаҳо бо мушакҳои S-300 таъмин карда натавонад, ин кишвар худ дар паи тавлиди системаи дифои ҳавоӣ хоҳад шуд. Вай Исроилро дар фишор болои Маскав муттаҳам карда гуфт, ки маҳз бо ҳамин сабаб Русия дар таъмини Эрон бо мушакҳои S-300 таъхир мекунад. Машқҳои дифоии Эрон дар шароите баргузор мешавад, ки фишори ғарб болои Ҷумҳурии Исломӣ аз нодида гирифтани пешниҳои СММ оид ба ғанисозии ураниум дар берун аз хоки Эрон афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG