Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 6 зина боло - 162-юм шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 6 зина боло шуд ва дар ҷои 162-юм қарор гирифтааст.

Тоҷикистон байни 46 тими мунтахаби Осиё дар зинаи 33-юм мавқеъ дорад, дар Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ мисли пешин дар зинаи охирин - 15-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъаш 1 зина поён шуд - ҷои 13-ум. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум аст ва дар ҷаҳон 2 зина поён фуромад - 24-ум. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 45. Латвия (47-ум буд). 60. Литва (59). 76. Узбакистон (80). 80. Беларус (73). 93. Молдова (88). 99. Арманистон (100). 102. Эстония (103). 116. Озарбойҷон (125). 119. Қазоқистон (121). 125. Гурҷистон (117). 140. Туркманистон (142). 156. Қирғизистон (137). 162. Тоҷикистон (168).

Дастаи миллии Испания (қаҳрамони Аврупо-2008) дар феҳристи FIFA ба ҷои аввал баромад. Бразилия ба ҷои дуввум фуромад. Ҳуланд мисли пешин дар ҷои севум аст. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Португол, Олмон, Фаронса, Аргентина, Инглистон ва Хорватия ҷойгиранд.

Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар феҳристи FIFA аз рӯи натоиҷи бозиҳояшон дар мусобиқоти мухталифи расмию рафиқона ҷойгир шудаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон имсол ягон бозӣ анҷом надодааст. Бо вуҷуди ин Тоҷикистон бидуни бозӣ нисбат ба рейтинги моҳи октябр хеле боло шуд.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 118-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ин пеш ҷои 172-юм аз рӯи натиҷагирии моҳи сентябри соли 2009-ум буд.
XS
SM
MD
LG