Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи даври нави музокироти Қаробоғи кӯҳӣ


Имрӯз дар шаҳри Мюниҳи Олмон бо ширкати раҳбарони Озарбойҷону Арманистон – Илҳом Алиеву Серж Сакисян даври нави музокираҳо атрофи минтақаи баҳсбарангези Қаробоғи кӯҳӣ доир мешавад. Дар пешорӯи ин мулоқот Алиев гуфт, ки дар сурати нокомии музокираҳо Озарбойҷон омода аст дубора аз силоҳ истифода кунад. Қаробоғи кӯҳӣ, ки як анклави аққалияти арманитабор маҳсуб мешавад, аз оғози солҳои шӯравӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир буда, вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин минтақа мухторияти худро аз Боку эълон кард. Баъди хушунатҳои оғози солҳои 1990-ум ҳамоно ин минтақа ба ҳайси як маъмурияти ҷудогона талош дорад ба сар бубарад.
XS
SM
MD
LG