Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беэътимодии Миллибанд ба тавони артиши Афғонистон


Вазири умури хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд гуфт, ки агар нирӯҳои НАТО Афғонистонро тарк кунанд, ҳукумати ин кишвар дар чанд ҳафта пароканда хоҳад шуд. Дар мусоҳиба бо нашрияи The Guardian, чопи шанбе Миллибанд гуфт, ки дар сурати аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои байналмилалӣ ҷангиёни шӯришиён базудӣ бар артиши миллӣ дастболо хоҳад шуд. Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтааст, ки умедвор аст артиши миллии Афғонистн дар панҷ соли наздик пурра тавонад назорати кишварро ба дасти худ дарорад. Миллибанд дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳар қадар, ки зарур шуд, хизмат мекунанд ва пойбанди таърихи расмии беруншавӣ аз кишвар нахоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG