Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории Алиев аз музокираҳои Қаробоғи кӯҳӣ


Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки музокироти рӯзи якшанбе дар масъалаи Қаробоғи кӯҳӣ “ҳалкунанда” хоҳад шуд. Вай дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки ин мулоқот дар ҷараёни музокираҳо нақши муҳим ва ҳалкунанда хоҳад бозид. Вале Алиев инчунин гуфт, ки дар сурати идомаёбии бенатиҷагии музокираҳо кишвари ӯ ҳақи истифода аз нирӯи низомиро ҳифз хоҳад кард. Рӯзи якшанбе дар Мюниҳи Олмон мулоқоти Илҳом Алиев бо раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG