Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хати нави барқи Ӯзбакистон ба Афғонистон


Хабаргузории интернетии Регнум мегӯяд, ки Ӯзбакистон ният дорад аз рӯи 1 декабри имсол хати нави интиқоли барқро ба Афғонистон ба кор андозад, ки барои ин ҷумҳурӣ амалан то охири сол имкони беруншавии пурраро аз низоми воҳиди энергетикии Осиёи Марказӣ фароҳам меорад. Ин хати интиқоли барқ бо шиддати 500 киловатт, ки аз истгоҳи “Гузар” то “Сурхон” кашида мешавад, барқро ба таври мустақим ба вилояти Сурхондаёи Ӯзбакистон интиқол дода ба Афғонистон содир мекунад ва дар ин роҳ Тоҷикистонро аслан убур нахоҳад кард. Ширкати энержии “Ӯзбекэнерго” дар сӯҳбат бо Регнум гуфтааст, ки бунёди ин хати барқ то охири моҳи ноябр анҷом хоҳад шуд. Як масъули дафтари матбуоти ин ширкат гуфтааст, ки дар чунин шароит Тоҷикистон метавонад ҳаҷми “бекормондаи” барқеро, ки ба Ӯзбакистон интиқол медод, барои масрафоти дохилӣ равона кунад. Қимати ин хат 93 миллион доллар баровард шуда, ба қавли Ӯзбакистон ҳаҷми содироти барқро ба Афғонистони ҳамсоя ба таври мустақим дар ҳаҷми 300 мегаватт афзоиш хоҳад дод. Барои бунёди ин хати барқ Бонки исломии рушд ба Ӯзбакистон 42 миллион доллар қарз додааст, ки он барои хариди таҷҳизот равона шудааст. Тобистони имсол бо ин ҳадаф “Ӯзбекэнерго” бунёди хати барқгузари 43-километраро аз истгоҳи “Сурхон” то шаҳри афғонии Хайратон ба анҷом расондааст.
XS
SM
MD
LG