Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Раҳмон барои сармоягузории гидроэнергетика


Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе намояндаҳои созмонҳои байналмилалии молиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин нишаст сухан аз паёмадҳои бӯҳрони молии иқтисодӣ ва вазъи мардуми Тоҷикистон дар шароити камбуди нирӯи барқ рафтааст. Оқои Раҳмон аз ташкилоти байналмилалӣ ва минтақаии молӣ даъват кардааст, ки барои сармоягузории риштаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон саҳми бештар гузоранд. Ҳамчунин дар нишаст таъкид шудааст, ки дар шароити хориҷ шудани Ӯзбакистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва мушкилоти дигари иқтисодӣ ба кӯмаки бештар ва ҳадафманди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG