Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои Роғун дар ҳоли таҳияшудан аст


Сафаралӣ Нажмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ахиран дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ гуфт, ки ҳукумати кишвар тарҳи саҳмияҳои нирӯгоҳи барқи обии Роғунро таҳия дорад. Вай гуфт, ки саҳмияҳо бо қиматҳои мухталиф ба бозор арза мешаванд, вале бо назардошти вазъи феълии иҷтимоиву иқтисодии кишвар яке аз нусхаҳои саҳмияҳо бо арзиши 100 сомонӣ ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. “Авасто” менависад, ки ба эҳтимоли ғолиб ин саҳмияҳо дар дохили Тоҷикистон ба чоп хоҳанд расид. Бар тибқи ҳисобҳои мақомоти Тоҷикистон, барои пурра сохта ба истифода дода шудани нирӯгоҳи Роғун дар ҳудуди ду то се миллиард доллар маблағ лозим мешавад ва барои бунёди як бахши он дар навбати аввал 770 миллион доллар зарур аст. Бо назардошти ин, гуфтааст вазири молияи Тоҷикистон, маблағи нашри саҳмияҳо аз ҳисоби буҷа ва қисмати дигар баъди фурӯши саҳмияҳои фурӯхташуда чоп хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG