Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бистумин солгарди Эъломияи ҳуқуқи кӯдак


Тоҷикистон дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон сар аз замоне, ки зери Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ имзо гузоштааст, чанд қадами муҳим ба пеш гузоштааст.

Хонгвей Гао, раҳбари дафтари Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон бо зикри ин нуқта мисол овард, ки сатҳи марги навзодон аз 75 марг аз 1000 таваллуд дар соли 2000 то ба 56 марг аз 1000 таваллуд дар соли 2006 коҳиш ёфтааст. Ӯ гуфт, муриши атфоли то 5-сола низ аз 93 марг аз 1000 таваллуд то ба 67 марг аз 1000 таваллуд кам шудааст.

Имрӯз, 21-уми ноябр, солрӯзи 20-умини қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони милал мебошад. Тоҷикистон ин Эъломияро соли 1993 имзо кардааст.

Хонум Гао, сарвари дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ҳамчунин гуфт, сарфи назар аз он пешравиҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши марги атфол, ҳанӯзам дар ин кишвар бештар аз ҳар кишвари дигари минтақа кӯдакон мемиранд. Ӯ гуфт, ин кӯдакон дар Тоҷикистон аз камбуди ғизо, дарунрав ва илтиҳоби шуш чашм аз дӯнё мепӯшанд, ҳол он ки метавон аз марги онҳо ҷилавгирӣ намуд.

Хонум Гао гуфт, дар Тоҷикистон танҳо камтар аз 10 дарсади атфол ба барномаҳои таълимии томактабӣ дастрасӣ доранд ва тақрибан 30 дарсади духтарон пас аз синфи 9 мактабро тарк мегӯянд.

Бино бар омори ЮНИСЕФ, ҳудуди 200.000 тифл дар Тоҷикистон ба меҳнати сангин машғуланд.
XS
SM
MD
LG