Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёф аз ҳамлаи террористӣ ҷон ба саломат бурд


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар вилояти Фараҳ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон, тибқи иттилоъи ахир, 17 нафар кушта ва 29 нафар маҷрӯҳ шуданд. Волии Фараҳ Роҳул Амин гуфт, ки маргталаби савори мотосикл худро дар як минтақаи пуриздиҳоми шаҳр мунфаҷир кардааст. Ӯ афзуд, ҳадафи аслии маргталаб як мақоми полиси маҳаллӣ буд, ки ҳамроҳ бо ду муҳофизаш кушта шуд.
Дар як ҳодисаи дигар Абдулрасули Сайёф, вакили парлумони Афғонистон ва фармондеҳи собиқи муҷоҳидин, аз таркиши бами канори роҳ дар наздикиҳои Кобул ҷон ба саломат бурд ва аммо панҷ тан аз муҳофизони ӯ ба ҳалокат расиданд.
Як рӯз қабл аз ин ҳаводис дар Кобул маросими савгандёдкунии раисиҷумҳур Ҳомид Карзай баргузор шуд. Дар ин маросим ӯ изҳор намуд, ки ҳадафи аслии ҳукумати нави Афғонистон – таъмини амният ва мубориза бо фасод хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG