Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушбинии Ал-Барадей аз имзои қарордод бо Эрон


Муҳаммад Ал-Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ваё МАГАТЭ, изҳори умедворӣ намуд, ки қарордод бо Эрон дар мавриди коркарди маводи сӯхти ҳастаӣ то охири соли равон имзо хоҳад шуд. МАГАТЭ ба Теҳрон пешниҳод карда буд, ки урани худро барои ғанисозӣ ба беруни кишвар интиқол диҳад ва аммо мақомоти Эрон ин пешниҳодро напазируфтанд.
Имрӯз дар Брюссел ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон роҳҳои берун шудан аз вазъи феълиро баррасӣ мекунанд. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки дар сурати сарфи назар кардани тақозои ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Эронро паёмадҳои сангин интизор хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG