Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои ташаннуҷ байни Саудия ва Эрон


Вазири иттилооти Яман, Ҳасан ал-Лафзӣ дар нишасти хабарӣ дар Санъо.
Вазири иттилооти Яман, Ҳасан ал-Лафзӣ дар нишасти хабарӣ дар Санъо.

Яман зимни даргирии ҳукумати асосан суннимазҳаб ва ақаллияти шиъа ба майдони рақобатҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон табдил ёфтааст. Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар ангезиши даргириҳои маҳзабӣ айбдор мекунанд.

Телевизиони Арабистони Саудӣ хабар дод, ки даргириҳо дар шимоли Яман, дар наздикии марзи Саудия шиддат гирифтаанд ва аввали ин моҳ шӯришиёни шиъаи Яман ба манотиқи марзии Саудия ҳамла карда, ду марзбони саудиро куштаанд.
Ин вазъ метавонад, дер ё зуд густариш ёбад ва ба мусулмоноро дар ҳама ҷо сироят кунад....

Хабари чунин ҳамла аз тарафи манобеи мустақил тасдиқ нашудааст, вале Саудия бар пояи ин изҳорот нерӯҳои худро вориди қаламрави Яман кард ва дар ҷанг бо ошӯбгарони шиъа аз ҳавопаймо ва чархболҳо низ истифода мекунад. Тибқи хабарҳо аз ҷабҳа дар задухӯрдҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Шореҳон ва сиёсатмадорони саудӣ мегӯянд, нооромиҳо дар Яман, ки яке аз фақиртарин кишварҳои дунё мебошад, таъсири фарогир хоҳанд дошт. Рӯҳониёни Арабистони Саудӣ гуфтаанд, шӯришиёни яманӣ бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, то маҳзаби шиъаро дар ин минтақа густариш диҳанд.

Ҳукумати Яман гуфтааст, моҳи гузашта як киштии Эронро боздошт кард, ки ба шӯришиёни шиъаи яманӣ силоҳ интиқол медод.

Раисиҷумҳури Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ гуфт, доираҳои рӯҳонии Эрон ба мусаллаҳони шиъа сармоя ва силоҳ мефиристоданд ва матбуоти Эрон аз ошӯбгарон ҳимоят мекунад.

Эрон ин иттиҳомотро рад ва аз ҳукумати Яман даъват мекунад, бо мухолифонаш вориди гуфтушунид шавад. Худи мухолифон мегӯянд, муборизаи онҳо хосияти мазҳбаӣ надорад.

Сухангӯи шӯришиён, Муҳаммад Абдулсалом, гузоришҳои давлати Яманро рад кард ва мегӯяд, "ҳукумат бояд ба хабарнигорон иҷоза диҳад, ба минтақа ворид шуда, ҳақиқатро ошкор кунанд."

Шиъамазҳаби Яман, ки худро зайдиҳо ва ҳусиҳо меноманд, мегӯянд, онҳо аз фишори мазҳабӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба танг омадаанд. Ҳукумати Яман низ хосияти мазҳабии низоъро рад мекунад.

Вале аз диди коршиносон, муноқиша дар Яман тадриҷан ба майдони рақобатҳои Саудии суннимазҳаб ва Эрони шиъмазҳаб табдил меёбад, ки дар навбати худ ба низоъ хосияти байнимазҳабӣ хоҳад дод.

Аммо шореҳи хабаргузории расмии Яман, Алӣ Мӯҳсин Ал-Зикрӣ бар ин аст, ки ҳамкории Саудия ва Яман падидаи нав нест, ҳарчанд акнун рӯшод шудааст. Вай меафзояд, сабаби шиддати бештар касб кардани даргириҳо дар он аст, ки мухолифон қарордоди шашмодаии ҳукуматро напазируфтанд ва ҳоло давлат тасмим гирифтааст, ин ҷангро бо пирӯзии комили хеш ба поён расонад. Амалиёти навбатии ҳукумати Яман дар ин ҷо дар моҳи август сар шуд.

Дар ҳамин ҳол ширкати Саудия дар даргириҳои шимоли Яман вокунишҳои Эронро ба миён овардааст. Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, Алии Лориҷонӣ, ҳамлаи Саудияро ба шиъаҳои ҳусии Яман танқид кард.

Дар посух матбуоти арабии Халиҷи Форс Эронро дар кӯмак ба шиъаҳо айбдор кард.

Ҷанги лафзии Риёд ва Теҳрон акнун бо изҳороти раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, генерал-майор Ҳасани Фирӯзободӣ идома кард, ки гуфтааст, "куштори шиъагони Яман аз тарафи Арабистони Саудӣ намунаи терроризми давлатии ваҳҳобиҳост, ки барои ислом дар минтақа хатар дорад." Вай афзуд, "ин вазъ метавонад, дер ё зуд густариш ёбад ва ба мусулмоноро дар ҳама ҷо сироят кунад."
XS
SM
MD
LG