Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ФИФА: Бозӣ миёни Фаронсаву Ирландия такрор намешавад


ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, тасмим гирифт, ки аз баргузории бозии такрорӣ миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Ирландия барои вуруд ба сафи ширкаткунандагони бозиҳои ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон худдорӣ кунад. Дархост барои бозии такрорӣ аз сӯи Ассосиатсияи футболи Ирлания ироа шуда буд, ки натиҷаи бозӣ миёни дастаҳои Фаронсаву Ирландия дар Порисро ғайриқонунӣ мехонад. Дар ин бозӣ дастаи Фаронса бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Тӯби ягона ба дарвозаи дастаи Ирландия баъд аз он ворид шуд, ки дар майдони ҳариф тӯб ба дасти ҳамлагари Фаронса Тиерри Анрӣ расид. Вале доварон инро пайхас накарданд. Худи Анрӣ ҳам дар сӯҳбат бо хабарнигорон иқрор кард, ки тӯб тасодуфан ба дасташ расида буд.
Иштибоҳи доварон боиси низоъ дар Ирландия шуд ва сарвазири кишвар Брайан Коуэн изҳор намуд, ки вазъро бо раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG