Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Ҳейг барои Караҷич вакили дифоъ таъин кард


Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югословияи собиқ барои раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич вакили мудофеъ таъин кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ аз манфиатҳои Караҷич адвокати бритониёвӣ Ричард Ҳарвӣ дифоъ хоҳад кард.
Тасмим дар бораи таъйини вакили дифоъ барои Караҷич аз сӯи Додгоҳи Ҳейг рӯзи 5 ноябр, баъд аз он гирифта шуд, ки раҳбари пешини сербҳои Боснӣ, бо далели вақти кофӣ надоштанаш барои ошноӣ бо парвандаи ҷиноӣ, аз ширкат дар бозрасиҳои додгоҳӣ сарпечӣ кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки ба вакили мудофеъ ниёз надорад ва барои дифоъ аз худ омода хоҳад шуд.
Радован Караҷич дар наслкӯшӣ, ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият замони ҷанг дар Югославияи собиқ дар солҳои 90-ум айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG