Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кирилл: аз иттиҳомоти бедалел парҳез бояд кард


Усқуф ё Патриархи Маскав ва кулли Русия Кирилл хостори худдорӣ аз иттиҳомоти бидуни далел дар робита ба куштори рӯҳонӣ Даниил Сисоев шуд. Шоми дирӯз як мусаллаҳи ниқобпӯш дар ҳавлии ибодатгоҳи воқеъ дар ҷануби шаҳри Маскав Сисоевро ҳадафи тир қарор дод. Дар ин ҳодиса ҳамчунин як ходими ибодатгоҳ маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст.
Тафтишот чанд фарзияи кушторро пажуҳиш мекунад, ва аммо, ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав Анатолий Багмет, фарзияи аслӣ - куштори рӯҳонӣ Сисоев бар асари адовати мазҳабӣ арзёбӣ мешавад. Ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо, вақтҳои ахир афроди ношинос ба Даниил Сисоев тавассути почтаи электронӣ таҳдид мекарданд. Даниил Сисоев аз мухолифони сарсахти сектаҳои гуногуни мазҳабӣ буд.
XS
SM
MD
LG