Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пешовар се корманди полис ба ҳалокат расиданд


Бар асари таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон имрӯз 3 корманди полис кушта шуда, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як мошини полис ба бами канори роҳ бархурда таркидааст. Дирӯз як маргталаб худро дар канори бинои додгоҳи ҳамин шаҳр инфиҷор кард, ки ба ҳалокати дасти кам 18 нафар мунҷар шуд. Тайи як моҳи ахир бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Покистон 110 нафар кушта шуданд. Аз ҳашт ҳамлаи террористӣ шаштояш дар Пешовар ба вуқӯъ пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG