Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона дар фароғатгоҳи маъруф


Як ҳамлаи мусаллаҳона дар фароғатгоҳи Сайпон, воқеъ дар ҷазираҳои шимолии Мариани уқёнуси Ором, мунҷар ба ҳалокати панҷ нафар шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, як мусаллаҳи ношинос ду марду ду кудакро ҳадафи тир қарор дод ва сипас сӯи гурӯҳи сайёҳон аз Кореяи ҷанубӣ оташ кушода ҳашт нафар маҷрӯҳ кард ва дар фарҷом худро парронд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.
Ҷазираҳои шимолии Мариани воқеъ дар уқёнуси Ором – минтақаи мухтори ҳампаймон бо ИМА маҳсуб мешавад ва мавзеъи писанддидаи сайёҳон аз Амрико, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон аст.
XS
SM
MD
LG