Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ИМА аз интихоби Ҳерман Ван Ромпей


ИМА аз интихоби Ҳерман Ван Ромпей дар мақоми раиси Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард. Дар изҳороти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама омадааст, ки ин иқдом ба таҳкими равобити миёни ИМА ва Аврупо мусоидат хоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико, барои ҳамкории наздик ва муваффақ бо раҳбарони нави Иттиҳодияи Аврупо изҳори хушбинӣ намуд.
Ҳерман Ван Ромпей, сарвазири феълии Белгия, рӯзи панҷшанбе, дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, раиси ин Иттиҳодия интихоб шуд. Қарор аст, ки ӯ аз рӯзи 1 январи соли 2010 ба ифои вазифа шурӯъ кунад. Баронесса Катрин Эштон аз Британия дар мақоми Котиби Иттиҳодияи Аврупо дар умури байнулмилалӣ пазируфта шуд. Ин ду мақоми нав тибқи созиши Лиссабон дар бораи ислоҳоти сохтории Иттиҳодияи Аврупо таъсис шудаанд.
XS
SM
MD
LG