Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи Эрон


Намояндагони шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки бо Эрон доир ба барномаҳои атомиаш музокирот мекунанд, имрӯз барои идомаи гуфтӯгу дар ин замина дар шаҳри Брюссел гирди ҳам меоянд. Як рӯз пеш аз ин ҳамоиш Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин кишвар бо ҳампаймонҳояш ба зудӣ бастаи нави иқдомоти танбеҳӣ ба зидди Эронро таҳия хоҳанд кард, ки созиши атомии ҳосилшуда бо мусоидати Созмони Милалро напазируфт. Бар асоси ин созиш, Эрон бояд ураниуми нохолиси худро барои идомаи ғанисозӣ ба хориҷ мефиристод. Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, Эрон мойил аст, то ураниуми нохолисро бо сӯхти атомӣ иваз кунад, аммо ин кор бояд дар дохили Эрон сурат бигирад. Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки Эрон ба тағйири сиёсати қудратҳои ҷаҳонӣ вокуниши мусбат хоҳад кард. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG