Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: "Аврупо набояд нигарон бошад"


Владимир Путин – нахуствазири Русия мегӯяд, созишномаҳои мавҷудаи газ миёни кишвараш ва Укроин таъмини муназзами Аврупо бо газро кафолат медиҳанд ва ӯ умедвор аст, ки дар соли нав мушкиле дар ин самт пеш намеояд. Владимир Путин дар ин бора пас аз мулоқот бо Юлият Тимошенко – нахуствазири Укроин, сухан гуфт. Баҳси фурӯш ва транзити газ миёни Русиву Укроин дар соли гузашта, миллион нафар дар Аврупоро бидуни гази кофӣ гузошт. Аввали ҳамин моҳ Владимир Путин таҳдид кард, дар сурати напардохтани саривақтии ҳаққи газ, интиқоли онро ба Укроин қатъ хоҳанд кард. Юлия Тимошенко ваъда дод, ки кишвараш ҳаққи гази воридотиро саривақт ва пурра пардохт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG