Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Маҷлиси Миллӣ аз вакилони мардумӣ


Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, аз вакилони ин маҷлис ва маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ даъват кардаанд, то дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯмаки молӣ кунанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, «Бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар бояд ҳар яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо садоқат ба ватан дар бунёди иншооти муҳими стратегӣ саҳми босазои худро гузорад». Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ки эшон ҳанӯз моҳи майи соли равон музди кори якмоҳаашро барои ҳисоби нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» интиқол додааст. Ҳукумати Тоҷикистон, ки ваъда додааст, то севуним соли дигар чархаи аввали нерӯгоҳи мазкурро ба кор меандозад, бинобар тангдастӣ аз мардум ва мақомоти расмӣ даъват кардааст, ба қадри тавонашон ба ҳисоби ин нерӯгоҳ пул интиқол диҳанд. Дар сурати бунёди Роғун Тоҷикистон дигар дар таъмини худ бо нерӯи барқ пойбанди касе нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG