Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо президент баргузид


Иттиҳодияи Аврупо бори аввал дар таърихи хеш соҳиби президент шуд. Раҳбарони иттиҳодия рӯзи панҷшанбе Ҳерман Ван Ромпуӣ - нахуствазири Белжикро, президенти Иттиҳодияи Аврупо ва Катрин Аштон – кумиссионери тиҷорати иттиҳодияро, раҳбари идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баргузиданд. Доир ба интихоби мазкур, Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё дар ҳамоиши сарони иттиҳодия дар шаҳри Брюссел эълом дод. Гордон Бровн дар аввал мехост, то Тонӣ Блейр – нахуствазири собиқи кишвараш президенти Иттиҳодияи Аврупо интихоб шавад, аммо баъдан аз ин раъйаш даст кашида, Катрин Аштон намояндаи кишварашро ба мақоми раҳбари идораи сиёсатгузориҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пешбарӣ намуд. Ду мақоми нав дар Иттиҳодияи Аврупо бар асоси Аҳдномаи Лиссабон таъсис шуданд, то нақши иттиҳодия дар саҳнаи ҷаҳониро барҷастатар нишон бидиҳад. Аҳдномаи мазкур моҳи оянда ҳукми иҷро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG