Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекоршавии ҳукми марг дар Русия


Додгоҳи конститутсионии Русия имрӯз ҳукм намуд, ки дар ин кишвар дигар ҳукми марг татбиқ нахоҳад шуд. Валерий Зоркин, раиси ин додгоҳ гуфт, ки хатми мӯҳлати мораторияи ҳукми эъдом дар моҳи январ маънои онро надорад, ки дубора он метавонад рӯи кор беёяд. Вай гуфт, ки кишвараш протоколҳои байналмилалии манъкунандаи татбиқи ҳукми қатлро имзо кардааст. Вай афзуд:

“Иҷрои ин қарор дар бахше марбут ба ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ, аз ҷумла бо ширкати ҳайати мунсифа дар тамоми қаламрави Федератсияи Русия, аз ҷумла аз рӯи ҳукми додгоҳи ҳайати мунсифа имкони дубора барқарор кардани ҳукми маргро намедиҳад”.

Русия соли 1996, ҳангоми шомил шуданаш ба ҳайати Шӯрои Аврупо иҷрои ҳукми маргро мутаваққиф кард, вале ҳанӯз парлумон эъломияи аврупоии манъкунандаи ҳукми маргро бояд ба тасвиб расонад.


XS
SM
MD
LG