Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳои навбатӣ дар Покистон


Мақомот гуфтанд, ки дар паи таркиши як бомбгузори маргталаб дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 19 нафар кушта шуда 20 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Эҳтимол меравад, ки маргталаб пиёда ба маҳалли таркиш наздик шуда, баъди он ки полис ӯро аз ворид шудан ба сохтмони додгоҳ иҷоза надод, маводи таркандаро ба кор андохт.
Дар хабари дигар аз Покистон гуфта мешавад, ки дар паи мушакҳои аз ҷониби як ҳавопаймои бидуни халабони амрикоӣ партобшуда дар минтақаи қабиланишине дар марз бо Афғонистон се ҷангӣ кушта шуданд. Манбаъҳои иктишофӣ мегӯянд, ки мушак хонаи раҳбари маҳаллии қабилаиро дар як рустои Вазиристони Шимолӣ ҳадаф қарор додааст.
XS
SM
MD
LG