Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва таҳримҳои нави зидди Эрон


Президент Барак Обама гуфт, ки Амрико ва муттафиқонаш музокираро дар масъалаи рад шудани пешниҳоди СММ ба Эрон дар робита бо барномаи ҳастаиаш ва пайомадҳои он шурӯъ кардааст.

Изҳороти Обама дар Кореяи Ҷанубӣ баъди посухи Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон садо дод, ки гуфт, ин кишвар пешниҳоди ғанисозии уранро дар хориҷ аз хоки худ, тавре СММ пешниҳод мекард, рад кардааст.

Муттакӣ таҳдиди таҳримҳоро ҳам рад карда батакрор таъкид кард, ки Теҳрон ҳамоно омодаи баррасии ин мавзӯъ аст, ба шарте ки ҷараёни ғанисозии ураниум дар дохили хоки Эрон ба роҳ монда шавад.

Президенти Амрико Барак Обама музокираҳоро бо муттафиқони Вашингтон дар масъалаи рад шудани пешниҳоди СММ аз ҷониби Эрон дар робита бо таъмини ғанисозии ураниум дар берун аз хоки Ҷумҳурии Исломӣ шурӯъ кард. Обама гуфт, ки Теҳрон нахост пешниҳоди Оҷонси байналмилалии нирӯи ҳастаиро бипазирад, ки дубора нигарониҳои қудратҳои ҷаҳониро аз ҷоҳталабиҳои ҳастаӣ афзун мекунад.

Зимни суханрониаш дар Кореяи Ҷанубӣ ӯ гуфт, ки акнун ба эҳтимоли ғолиб як бастаи нави муҷозоткунандаи Эрон таҳия мешавад, то ин ки Теҳрон барои саркашиҳояш аз иҷрои тақозоҳои Шӯрои амнияти СММ барои хатми фаъолиятҳои ғанисозӣ посухи муносиб бигирад: “Интизороти мо ин аст, ки тӯли чанд ҳафтаи дигар як бастаи иқдомоти амалӣ қабул шуда ҷиддияти ниятҳои мо дар нисбати Эрон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.”

Обама ишора кардааст, ки эҳтимолан сухан аз таҳримҳои нави зидди Эрон хоҳад рафт. Ҳарчанд ӯ имкони роҳандозии тадбирҳои дипломатиро низ аз назар соқит накард. Мақомоти амрикоӣ баъдан гуфтанд, ки бо изҳори ин ҳама Обама ҳамчунин роҳи мушовараҳои байналмилалиро низ боз мегузорад, то ки барои қабули таҳримҳои иловагӣ пешниҳодҳое садо диҳад.

Бар тибқи пешниҳоди Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ Эрон мебоист 1200 килограмм урани камғанишудаи худро дар ихтиёри Русия мегзошт, то ки дар он ҷо пурра ғанӣ шавад. Дар пай ин мавод мебоист ба Фаронса интиқол дода шуда дар контейнерҳо ҷойгир мешуд. Ин урани ғанишуда баъдан дар реактори таҳқиқоти тиббии Эрон истифода шуда метавонист.

Вале вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, ки ҳаҷми урани дар пешниҳоди Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ зикршуда ғайри қобили қабул аст. Муттакӣ афзуд, ки Эрон омодаи музокираҳои бештар дар ин мавзӯъ аст: “Ин як пешниҳоди мутақобил нест, чун мо пешниҳод надодем барои муовизаи сӯхти сеюним дар сад ва бист дар сад. Онҳо чунин пешниҳодеро матраҳ карданд ва мо чигунагии амалӣ шудани эҳтимолии ин пешниҳодро ташреҳ кардем”.

Муттакӣ, ки зимни ироаи ин суханон дар Манила қарор дошт, таҳдидҳои нави Ғарбро барои ҷорикунии таҳримҳои зидди Эрон бо тамасхур қабул кард ва гуфт:

“Хеле ҷиддӣ нагиред. Таҳрим адабиёти даҳаи солҳои 1960, 1970 аст. Чор сол онҳо ин таҷрибаро анҷом доданд. Ва фикр мекунам онҳо он қадар оқил ҳастанд, ки таҷрибаҳои шикастхӯрдаро дубора наомӯзанд ва таҷриба накунанд. Албатта ба худашон марбут аст”.

Дар изҳороти раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам таҳдидҳои нави ғарб бо интиқод қабул шуд ва ӯ гуфт, ки “Эрон бо роҳи худ пеш меравад, чунки бадхоҳону душманони Ҷумҳурии Исломӣ мухолифи пешрафту шукуфоии ин кишвар ҳастанд”.

Ҳамакнун бо пеш омадани вазъияте, ки бояд таҳримҳои нав бар зидди Эрон қабул шавад, бояд ҳама кишварҳои узви доимии Шӯрои амнияти СММ, яъне Русия, Чин, ИМА, Фаронса ва Бритониё якдилӣ нишон диҳанд.

Аз ҳоло Бритониёву Фаронса ишора кардаанд, ки барои чунин як иқдом розӣ ҳастанд. Вале дар сафари инҳафтаинаи Обама ба Пекин мақомоти чиноӣ аз намоиши чунин як омодагӣ худдорӣ карданд. Кремлин аз ин пеш гуфтааст, ки қабули таҳримҳои нав масъалае нест, вале дар навбати аввал бояд роҳҳои дипломатии баррасии масъала андешида шавад.

Дар ҳамин ҳол тибқи хабарҳо аз СММ, ин ниҳод дар фикри ташкили даври чаҳорӯми гуфтугӯҳо аст, ки дар ҷараёни он эҳтимоли қабули таҳримҳои нав баррасӣ шавад. Вале баъзе дипломатҳои СММ мегӯянд, ки эҳтимол аст таҳримҳои нав ба бахши энержии Эрон марбут шавад, ба ин хотир, ки созишномаҳои амалкунандаи Русияву Чин бо ин кишвар халалдор нашаванд.

Аксар таҳлилгарон ба ин назар ҳастанд, ки ин ду кишвари дорои равобити қавӣ бо Теҳрон нахоҳанд гузошт, ки иқтисоди Эрон зарбаи шадиде бинад.

Як дипломати аврупоӣ гуфт, ки Шӯрои амнияти СММ ҳеҷ гоҳ ширкатҳои нафту гази Эронро таҳрим нахоҳад кард, чунки маълум аст, ки Чину Русия онро вето хоҳанд кард. Эҳтимолан ин навбат таҳримҳо ба бонкҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ширкатҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломӣ марбут шавад. Эҳтимоли ҷорикунии таҳримҳо дар бахши тиҷорати аслиҳа бо Эрон ва бархе дигар тадбирҳои сиёсӣ ҳам дар мадди назари давлатмардони ғарбӣ буда метавонад.
XS
SM
MD
LG