Пайвандҳои дастрасӣ

Қабули қонуни нави баҳсбарангез дар Қазоқистон


Палатаи болоии парлумони Қазоқистон имрӯз бо раъйи оро қонуни шадидкунандаи муҷозотро барои мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон қабул кард. Ин қонун, ки акнун бояд аз ҷониби Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон имзо шавад, аз ҷониби фаъолони ҳуқуқи башар танқид шудааст. Онҳо мегӯянд, ки фишор болои озодии баён акнун боз ҳам бештар хоҳад шуд. Заминаи қабули ин қонун дар фошшавии баъзе сӯҳбатҳои телефонии раиси ҷумҳурии ин кишвар Нурсултон Назарбоев гуфта мешавад, ки соли гузашта ба интернет роҳ ёфта баъзе масъалаҳои ҳаёти шахсӣ ва мавзӯъҳои моликияту дороиҳои президентро рӯи об баровард. Фаъолон мегӯянд, ки ин қонун ба обурӯи Қазоқистон, ки соли 2010 бояд ба курсии раҳбари давраии САҲА нишинад, зарба мезанад.
XS
SM
MD
LG