Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран ташхисгоҳи судӣ-тиббии Кӯлоб дар марги як сокини ин шаҳр афсари пойгоҳи низомии Русияро муҷрим надонист.

Ҳафтае қабл сокини мувақаттии маҳаллаи Шоҳини шаҳрро бо исми Анжелика Головина аз ҳуҷраи зисташ мурда дарёфта буданд. Мақомоти интизомӣ, нахуст ин ҳодисаро куштор муаррифӣ намуда, дар он Сергей Ведянин афсари пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия мустақар дар Кӯлобро, ки бо ин хонум муносибати маҳрамона доштааст, гумонбар донистанд.
Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки ягон нафари онҳо зодрӯз ё ягон хурсандӣ дошта бошад, онҳо бисёрӣ мебароянд ва маст шуда, доду ҳайёҳӯй мекунанд...


Аммо Ботурхон Рустамов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳарчанд он шаб афсари рус ба ҳуҷраи ин хонум рафта, дар ҳолати мастӣ ӯро лату куб намуда бошад ҳам, вале ташхисҳо собит намудаанд, ки ин муноқиша сабаби марги ӯ нагардидааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Рустамов, ташхисҳо собит намудаанд, ки Анжелика ба бемории зардпарвин гирифтор будаааст ва бо ин иллат дар ҳолати аз меъёр зиёд истеъмол намудани нушокии спиртӣ ҳалок шудааст.

Аммо ҳодисаи марги ин хонуми рус аксари сокинони оддии Кӯлобро нигарон намудааст. Ҳарчанд, мақомоти расмӣ ин афсари русро қотил нашинохта бошанд ҳам, вале сокинон ба ин шубҳа доранд. Бо ин далел, ки борҳо мушоҳида шудааст, ки афсарону сарбозони ин қисм дар ҳудуди шаҳр сокинони маҳаллиро то беҳуш шудан латукӯб кардаанд ва танҳо бо дахолати дигарон нафарони латукӯбшуда ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар ҳамин маврид, Хайриддин Саъдуллоев, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, сарбозу афсарони русро шабонгаҳ дар хиёбонҳои шаҳр метавон маст дарёфт, ки бо фарёду фиғони хеш оромии шабро халалдор месозанд. Вай мегӯяд, аксаран мастии онҳо бо занозании ҳамдигар ё сокинони маҳаллӣ поён меёбад.

Хайриддин меафзояд: "Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки ягон нафари онҳо зодрӯз ё ягон хурсандӣ дошта бошад, онҳо бисёрӣ мебароянд ва маст шуда, доду ҳайёҳӯй мекунанд. Аҷиб он аст, ки милисаҳои мо онҳоро чизе намегӯянд. Мардуми оддӣ бошад, сари роҳи онҳо намебарояд, то ба ягон бадбахтӣ дучор нагардад."

Бар асоси иттилои манобеъи расмӣ, солҳои қаблӣ низ аз ҷониби афсарони ин қисм дуздии моликияти ҷамъиятӣ ва дигар намудҳои ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳоли ҳозир Сергей Ведянин, афсари ин қисм, ки дар куштор гумонбар дониста мешуд, пас аз ташхиси суди-тиббӣ, танҳо барои латукӯби ин зан дар ҳолати мастӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG