Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарсозтарин чеҳраи ин ҳафта, ба назари ағлаби расонаҳо, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай буд, ки рӯзи 19-уми ноябр, бо адои савганд ба давраи дуввуми панҷсолаи раҳбариаш оғоз кард.

Ҳомид Карзай бо адои савганди раёсатҷумҳурӣ ва бо ҳамон чаппони туркманиву кӯлоҳи қароқӯлӣ ва пироҳану тумани паштуниаш вориди давраи дуввуми панҷсолаи раҳбариаш бар Афғонистон шуд. Вориди даврае, ки шояд мушкилтарин давраи раёсати ӯ ба ин кишвари ҷангзада шавад. Ва он ҳам дар шароите, ки ба фарқ аз 8 ва 5 соли пеш Ҳомид Карзай ин бор он пуштибонии бечунучарои муттаҳидини ғарбиро дар даст надорад, балки ҳатто метавон гуфт, ки баръакс. Ва мардуми Афғонистон ҳам тавре ба назар мерасад, аз беамалиҳои давлати ӯ дар бисёре аз соҳот, ба хусус дар бахши таъмини сулҳу амният ва мубориза бо фасод, акнун хаста шудаанд.



Мушкили дигари Карзай машрӯъияти давлати кунунии ӯст. Қарори маълум, ӯ ин дафъа дар як интихоботи хеле пурбаҳс ва касби орои камтар аз нисфи мардум баранда эълон шуд. Ва он ҳам ба дунболи ба нишони эътироз аз ширкат дар даври дуввуми интихобот даст кашидани рақиби аслиаш доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки дар ибтидо аз ёрони наздики ӯ ба шумор мерафт ва чандин сол дар кобинаи ӯ вазири корҳои хориҷӣ ҳам буд.

Бо ин ҳама, устоди Донишгоҳи Кобул Зиё Рафъат мегӯяд, Ҳомид Карзай шахсияти ҷоуфтодае дар майдони сиёсати Афғонистон аст, вале мураккаб аз як силсила қувватҳо ва ҳам заъфҳо. Донишманди афғонистоншиноси тоҷик Қосимшоҳи Искандар низ мегӯяд, Ҳомид Карзай дар мақоми раҳбарии Афғонистон нафари тасодуфӣ нест ва ҳамеша талош мекунад, роҳи ҳалли масоили хеле мубрам ва печидаи ҷамъшуда дар кишварашро пайдо кунад. Вале дар амал ҳалли бисёри ин масоил, ба эътиқоди Қосимшоҳи Искандар, берун аз тавони ӯст.

Ҳомид Карзай 8 сол пеш дар анҷумани Бонн дар шароите ба чавкии раҳбари муваққати Афғонистон нишаст, ки аз пуштибонии фарогири кишварҳои узви эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ва тақрибан ҳама гурӯҳҳои зидди ҳукумати Толибон дар Афғонистон бархӯрдор буд. Умеду орзуи мардуми аз ҷангҳои тӯлонии хонумонсӯз ба ҷон омада низ он замон такяи дигар ва муҳиме барои давлати ӯ ба шумор меомад.

Дар интихоботи соли 2004 низ Ҳомиди Карзай тақрибан бидуни кадом рақобати ҷиддӣ ва аллакай дар даври аввал пирӯз шуд ва ҳамчунон пуштибонии муттаҳидини ғарбӣ ва умеди мардум ба як зиндагии беҳтарро дар даст дошт.

Вале шароити феълӣ дар Афғонистон барои Карзай аз он шароити 8 ва 5 соли қабл хеле фарқ мекунад. Карзай ин бор дар як интихоботи пурбаҳс баранда эълон шуд ва ба назари таҳлилгарон, касби орои камтар аз нисфи мардум дар интихоботи 20-уми август дигар як доғи ношустанист, ки рӯи машрӯъияти давлати ӯ соя андохтааст.

Ӯву аъзои кобинааш дар ҷараёни интихобот на як бору ду бор бо муттаҳидини ғарбии худ даргири танишҳои лафзӣ шуданд. Бахусус, замоне, ки Ғарб бо интиқод аз шеваи баргузории даври аввали интихобот хостори даври дуввум шуд. Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Ғарбро ба он муттаҳам кард, ки ҳадафмандона мехоҳад давлати Карзайро ба муомила бо рақибонаш маҷбур карда, дар ниҳояти амр як ҳукумати заиф ва вобастаро дар Кобул рӯи кор биорад.

Худи Карзай ҳам дар набардҳои лафзӣ бо Ғарб ба андозае рафт, ки нирӯҳои байналмилалиро ба даст доштан дар интиқоли ҷангиёни толиб ба саҳафоти шимоли Афғонистон айбдор кард.

Дар ҳар сурат, Ҳомид Карзай тавонист дар пайи аз идомаи мубориза даст кашидани танҳо рақиби боқимондааш – доктор Абдуллоҳ ба даври дуввуми раёсат даст биёбад, вале дар шароите, ки хеле аз пуштибонии дар гузашта бечунучарои муттаҳидини ғарбиашро аз даст додааст ва мардум ҳам, тавре ба назар мерасад, аз идома, балки ҳатто тавсиъаи ноамниҳо дар кишвар ва аз нотавонии давлати Ҳомид Карзай дар амри лаҷом задани доманаи фасод ва хушунатҳо хаста шудаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ пирӯзии Карзай дар интихоботро зоҳиран пазируфт, вале аз исрори худ ба зарурати муборизаи ӯ бо фасод, ки тақрибан ба ҳама ниҳодҳои давлатии Афғонистон реша давондааст, даст набардошт. Яке аз мунтақидони сарсахти Кобул дар ин маврид сарвазири Бритониё Гордон Браун буд, ки ҳатто идомаи ҳузури нирӯҳои кишвараш дар Афғонистонро бо муборизаи Кобул алайҳи фасод иртибот дод.

Давлати Карзай нафақат дар хориҷ, балки дар дохили Афғонистон низ ба мавҷи бузурги интиқодҳо рӯбарӯст ва интихоботи ахир, ба назари таҳлилгарон, боз як ҳақиқати дигар – арзи вуҷуд кардани ҷабҳаи қавии мухолифини сиёсии давлат дар баробари мухолифини мусаллаҳро низ бармало кард. Аҳмади Беҳзод, вакили Улусӣ Ҷирга ва аз мунтақидони шадиди давлат, мегӯяд, ба самимияти ваъдаҳои супурдаи Ҳомиди Карзай зиёд бовар намекунад.

Карзай ва мушовиронаш вуҷуди фасод дар Афғонистонро эътироф мекарданд, вале мегуфтанд, мизони фасод на ба андозаест, ки дар хориҷ тасаввур мешавад. Аммо дар ниҳоят, Карзай ба ин исрорҳои мудавоми байналмилалӣ тан дод ва дар ин ҳафта ҳанӯз қабл аз адои савганди раёсатҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси як ниҳоди махсуси мубориза бо фасод дар таркиби додситонии кул дастур дод.

Ва аммо фасод танҳо чолиши истода дар назди давлати нави Ҳомиди Карзай нест. Таҳлилгарон ба манотиқи ҳарчӣ зиёдтари рустоии Афғонистон ва ҳатто ба вилоёти дар гузашта ороми шимоли он кишвар нуфуз пайдо кардани ҷангиёни толиб ва дар ин робита таъкидҳои афзоянда ба зарурати музокироти Кобул бо мухолифини низомии давлат, тавлиду қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо фақру бекорӣ, зарурати истифодаи муассиртар аз сели кӯмакҳои иқтисодие, ки ба Афғонистон мерезанд ва эҷоди зарфиятҳои муҳками иқтисодиро аз масоиле медонанд, ки барои давлати кунунии Ҳомиди Карзай аз давраҳои гузаштаи раҳбарии худи ӯ мерос мондаанд.

Мушкили дигари ӯ, ки дар оянда ба сурати мукаррар ҳамчун табарзин бар сараш баланд хоҳад шуд, наҳваи дастикам суолбарангези пирӯзиаш дар интихоботи ахир аст. Зиё Рафъат, устоди Донишгоҳи Кобул мегӯяд, таъйиди қонунмандии давлати Ҳомид Карзай ба он вобаста аст, ки ӯ то кадом ҳадд хоҳад тавонист ба умедвориҳои мардуми Афғонистон ва интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ посух диҳад. Ба эътиқоди Зиё Рафъат, таҳаввули баъдии ҳодисот ба он чӣ ки дар саҳнаи Кобул тайи ҳафтаҳои наздик хоҳад гузашт, яъне ба асомии афроде, ки шомили кобинаи нави вазирони Ҳомиди Карзай хоҳанд шуд, сахт вобаста аст ва агар Карзай битавонад афроди дар воқеъ шоиста ва коромадро ба ин кобина ҷалб кунад, ба ҳусни қувватҳои ӯ хоҳад афзуд. Вагарна ин ҳам мӯҳраи дигаре дар занҷираи заъфҳои ӯву давлати ӯ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG