Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мосару Хонма, директори Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, мегӯяд, аз вазъи кунунии мушкилоти энергетикии Тоҷикистон огаҳ аст ва умед дорад, ки ин ниҳод дар рафъи мушкилоти имрӯзаи энергетикӣ, бахусус дар фасли сармо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Мосару Хонма пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон ин мавзӯъ матраҳ буд. Ӯ гуфт, ин мушкилот ҳалшаванда аст ва БАБР дар ин самт ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Аммо мушаххас накард, ки ин кӯмак ба чӣ шакл ва дар кадом замон анҷом хоҳад шуд.

Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, Ӯзбакистон бо кишварҳои аврупоӣ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Маҳз бо назардошти ҳамин мавқеи Тошканд ин бонк метавонад то ҷойе дар мушкилоти энергетикии Душанбе ва Тошканд кӯмак расонад. Ҳ. Умаров мегӯяд, ба хотири муносиботи хуб бо Аврупо Тошканд маҷбур аст, ки ба пешниҳодҳои БАБР розӣ шавад.

Директори БАБР ҳамчунин гуфт, 12 барномае, ки Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба ин бонк пешниҳод намудаааст, дар ҳаҷми аз 60 то 80 миллион доллар буда, қобили дастгириянд. Ӯ илова кард, ки бонк дар оянда метавонад тарҳҳои бузургҳаҷми Тоҷикистонро низ сармоягузорӣ кунад.

Вале Ҳоҷимуҳамад Умаров мегӯяд, миқдори саҳмияҳое, ки Бонки аврупоии бозсозиву рушд барои Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, бузург нест. Ҷаноби Умаров Лаҳистон, Маҷористон, Булғористон ва Словакияро мисол меорад, ки дар ин ҳолатҳо аз БАБР бо маблағҳои 600-800 миллион доллар кӯмак мегиранд.

Ба гуфти оқои Хонма, барномаҳое, ки аз ҷониби БАБР дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, асосан барои сохтмони нерӯгоҳҳои оби барқӣ дар минтақаи ҷануби кишвар, таъмир ва бунёди роҳҳои мошингарди минтақавӣ, роҳҳои оҳан, дастгирии соҳибкории хурду миёна, соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд. Ӯ гуфт, БАБР тасмим дорад, ки барои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи оби барқии Қайроқум сармоягузорӣ кунад.

Ҳамкориии БАБР бо Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои навадуми қарни гузашта оғоз ёфтааст. Ин бонк дар Душанбе намояндагӣ дошта, то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 138 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир, бонк дар Тоҷикистон дар татбиқи 42 лоиҳаи хурду миёна саҳмгир аст, ки маблағи наздик ба 90 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар байни лоиҳаҳои бузурги бонк ислоҳот дар низоми нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо метавон зикр намуд, ки ба 5 миллион евро баробар буда, дар чаҳорчӯби он 30 километр хатҳои барқи троллейбус ва дигар корҳои марбут бо танзими кори нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тармиму ислоҳ мешавад.
Моҳи марти соли ҷорӣ бонки мазкур эълон кард, ки бар ивази 15 миллион евро 25 дарсади саҳмияҳои «Агроинвестбонк»-и Тоҷикистонро харидорӣ мекунад. Лоиҳаи бузурги сеюм тармиму танзими шабакаи оби ошомидании Данғара, Қурғонтеппа ва Кӯлоб аст, ки ба 8 миллион евро баробар мебошад.
XS
SM
MD
LG