Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамагӣ чанд сол қабл дар хиёбонҳои шаҳрҳои Амрико вохӯрдани тоҷикон як ҳодисаи бесобиқа буд. Вале имрӯз дигар аз дидани тоҷик дар кӯчаҳои Ню-Йорк касе ба ҳайрат намеафтад.

Тоҷикон ба Амрико бо сабабҳои гуногун меоянд. Баъзеҳо сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд, бархе ба аёдати хешу таборашон меоянд, гурӯҳе барандаи Грин-карт мешаванд. Дар иёлатҳои мухталифи Амрико ин тоҷикон корхонаҳои хурду калон ва тарабхонаҳо боз кардаанд ва ё дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Зимнан, аксари тоҷикони муқими Амрико донишҷуёнанд, ки на ҳама вақт ҳадафи аслиашон касби ягон ихтисос аст.

Тибқи қавонини ИМ донишҷӯи хориҷӣ, ки барои таҳсил омадааст, ҳақи кор карданро надорад ва агар кормандони хадамоти муҳоҷиратӣ дар ин бора огаҳ шаванд, ин гуна донишҷӯро боздошт ва ба ватанаш истирдод мекунанд.

Ҳамсӯҳбати Озодӣ ҷавонписари тоҷик Сӯҳроб мегӯяд, таҳсил ва будубош дар ин ҷо хеле гарон аст ва ба ҳамин хотир вай маҷбур аст, ки дар баробари хондан кор ҳам кунад.

Вале на ҳама донишҷӯён мисли Сӯҳроб ҳам таҳсил ва ҳам кор мекунанд. Баъзеҳо вақташонро фақат барои кор сарф мекунанд. Дар ин сурат раводиди сафарашон лағв мегардад ва онҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил меёбанд. Сӯҳроб мегӯяд:

“Бале, ҳамин гуна бачаҳо ҳастанд, дар байнашон тоҷикон ҳам ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, ки беҳтараш пули таҳсилро насупорида, ва ба дарсҳо нарафта, тамоми вақташон бо ягон кор машғул шаванд. Бачаҳоеро медонам, ки аз ҳисоби кор дар ИМ вазъияти молиашонро хеле беҳтар кардаанд. Рафта дар Тоҷикистон хона бардошта, зан гирифтанд, ба хешу ақрабояшон ёрдам расонданд. Аммо ин кор тарафи манфӣ ҳам дорад. Чунки ин нафарҳо ҳамеша дар тарсанд. Метавонанд ба дасти пулис афтанд ва онҳоро ба зиндон партоянд. Чанд бачаи тоҷикро ҳамин гуна ҷарима карда, аз давлат хориҷ карданд. Ва онҳо дигар ҳақи омадан ба Амрикоро надоранд.”

Консули Тоҷикистон дар Амрико Бурҳон Мирзоалиев мегӯяд, бо афзудани теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИМ кори консулгарӣ низ зиёд шудааст. Бурҳон Мирзоалиев афзуд:

“Аслан, зиёдшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИМА аз соли 2007 ин тараф шурӯъ шуд. Солҳои охир шаҳрвандони мо аслан бо раводидҳои донишҷӯӣ бисёр омаданд. Мутаассифона, донишҷӯён дар бораи қоидаҳои будубош дар қаламрави ИМ маълумот надоранд ва ба ҳамин хотир бо мушкилиҳои зиёд рубару мегарданд. Албатта, мутобиқи қонунҳои ИМ онҳо дастгир мешаванд. Баъд аз дастгиршавӣ мо бо департаменти давлатӣ дар якҷоягӣ кор мекунем ва ҳатман баъд аз дастгиршавии шаҳрвандонамон мо аз ин огоҳ мегардем, бо онҳо дар тамос мешавем. Ҳар як шаҳрвандро аз аҳволаш мепурсем. Агар ягон мушкили дошта бошад, ҳатман кумак мекунем, вале мутобиқи қонунҳои ин ҷо баъд аз дастгиршавӣ онҳо баъд аз он ки додгоҳ қарори интиқолашонро мебарорад, аз қаламрави Амрико берун карда мешаванд. Ва ҳамаи ин аз тарафи сафорат назорат мешавад.”

Консули Тоҷикистон гуфт, ахиран консулгарӣ хама асноди муҳоҷиратии ИМро ҷамъ намуда, дастурамале таҳия намудааст, ки ба зудӣ дар нуқтаҳои марзиву нуқтаҳои шиносномадиҳии Тоҷикистон дастраси шаҳрвандон мегардад. Ҳадаф аз чопи ин дастур – огаҳ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қоидаву қонунҳои Амрико пеш аз сафар аст. Аз ин роҳ, Вазорати корҳои хориҷӣ мехоҳад шаҳрвандонашон ҳангоми сафар ба Амрико камтар бо мушкилиҳо рубару шаванд.

Бурҳон Мирзоалиев гуфт, қаблан аксари қонуншиканиҳои марбут ба будубоши тоҷикон дар ИМ дар аёлати Небраска ба қайд гирифта мешуд ва барои ҳамин ҳам вай шахсан ба он ҷо сафар карда, бо тоҷикон чанд вохӯрӣ анҷом дод. Ӯ меафзояд, ҳоло муроҷиати тоҷикон ба консулгарӣ бо аризаҳои гум шудани шиносномаҳояшон рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ба вижа дар шаҳри Ню-Йорк.

Бино ба иттилои консулгарӣ, дар се соли ахир бо иттиҳоми қонуншиканиҳои мухталиф беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, ғолибан бо гузашти ду ё се моҳ ба ватан истирдод шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG