Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амниятиҳо Баҳром Ҳамроевро боздошт карданд


Хадамоти амниятии Қирғизистон як фаъоли ҳуқуқи башари хориҷиро, ки машғули таҳқиқи иттиҳомоти марбут ба азияту озори мусалмонон будааст, боздошт карданд. Дар изҳороти имрӯзаи созмони амрикоии Дидбони ҳуқуқи башар (Human rigts watch) омадааст, ки хадамоти амниятӣ Баҳром Ҳамроев, як корманди созмони русии мудофеи ҳуқуқи инсон “Мемориал”- ро дар шаҳри Ӯш ҳамроҳ бо як фаъоли қирғизистонӣ Иззатулло Раҳматуллоев боздошт карданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, то ин замон Раҳматуллоев озод шуда, вале Ҳамроев ҳамоно дар сохтмони хадамоти амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамроев ба Қирғизистон бо ҳадафи таҳқиқи иттиҳомоти нафароне омадааст, ки дар тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Феълан Кумитаи амнияти миллӣ аз тавзеҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунад. Созмонҳои мудофеи озодии баён дар Қирғизистон мегӯянд, ки мавридҳои боздоштшавии мусалмонони оддӣ бо иттиҳоми пуштибонӣ аз фаъолиятҳои экстремистӣ кам нест ва соли гузашта баъди ташкили эътирози зиддиҳукуматии 32 сокини шаҳри Навкати вилояти Ӯш мақомот онҳоро дар фаъолиятҳои экстремистӣ муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG