Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии посухи Эрон аз сӯи қудратҳои ҷаҳон


Президент Барак Обама гуфт, ки Амрико ва муттафиқонаш музокираро дар масъалаи рад шудани қабули пешниҳоди СММ ба Эрон дар робита бо барномаи ҳастаиаш ва паёмадҳои он шурӯъ кард. Изҳороти Обама аз Кореяи Ҷанубӣ баъди он садо дод, ки Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон гуфт, ин кишвар пешниҳоди ғанисозии ураниумро дар хориҷ аз хоки худ, тавре СММ пешниҳод мекард, рад мекунад. Муттакӣ таҳдиди таҳримҳоро ҳам рад карда батакрор таъкид кард, ки Теҳрон ҳамоно омодаи баррасии ин мавзӯъ аст, ба шарте ки ҷараёни ғанисозии ураниум дар дохили хоки Эрон ба роҳ монда шавад.
XS
SM
MD
LG