Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси газӣ дар меҳвари дидори Тимошенкову Путин


Нахуствазири Украина Юлия Тимошенко имрӯз дар шаҳри Ялта ҳамтои руси худ Владимир Путинро ба хотири баррасии масъалаи газ ба ҳузур мепазирад. Дар як номаи кушода ба унвонии раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко навиштааст, ки қарордоди амалкунандаи таъмини газ ба Украина ба таври “оҷил бояд бознигарӣ” шавад. Ин созишнома моҳи январ ҳосил шуда ба баҳси миёни ду кишвар, ки боиси халалдор шудани ҷараёни интиқоли газ ба Аврупо гардид, нуқта гузошт. Маскав аз пеш ҳушдор додааст, ки баҳси дигар бо Украина бар сари ҳама қарзҳои пардохтношуда метавонад бори дигар ба ҷараёни интиқоли гази Аврупо таъсир гузорад.
XS
SM
MD
LG