Пайвандҳои дастрасӣ

Аз мутолиаи номаи донишҷӯёни тоҷик дар Чин хеле шод шудам ва аз радиои Озодӣ миннатдор, ки метавонад, нақши пайвандгари ҷавонони тоҷики дур аз Ватани азизи мо бошад.

Ҳамзамон мехостам, бигӯям, ки "Ватан"-и мо низ метавонад, то андозае ҳамин гуна нақшро бибозад. Манзурам аз "Ватан" маҷаллаест, ки мо, донишҷӯёни тоҷик дар Туркия ба нашр мерасонем.

Бо кӯмаки сафири Тоҷикистон дар Туркия Шӯҳрат Султонов ва ҳамдастии донишҷуён ин маҷалла чандин бор ба чоп бароварда шуд. Дар рӯзҳои наздик кӯшиш дорем, шумораи навбатии онро ба чоп барорем

Дар ҳоли ҳозир маҷаллаи "Ватан" донишҷӯёни тоҷики Туркияро ба ҳам муттаиҳд мекунад, вале нияти мо ин аст, ки тамоми донишҷӯёни тоҷики берун аз Тоҷикистон низ хонандаи он бошанд ва бо василаи он фикру ақидаи хешро озодона баён намоянд.

Шумо метавонед дар ин маҷала аз таьрих, фарҳанг, саноат ва маорифи имрӯзаи Тоҷикистон сар карда то илми технология, ҳаёти иҷтимоӣ, тиб, варзиш ва дигар масъалаҳои муҳими мамлакат огоҳ шавед.

Аслан, нияти мо ин ҳаст ки тамоми донишҷуёни тоҷики хориҷи кишвар иттифоқ шуда, саҳми худро дар ин маҷала гузоранд, дар сафҳаҳои он табодули андеша кунанд.

Илова бар ин, аз тамоми мамлакатҳои хориҷ яктоӣ намоянда лозим мебошад то ки ҳамеша бо мо дар тамос бошанд.
Дар ин ҳолат маҷаллаи "Ватан" байналмиллалӣ шуда, нуфузи бузурге ба даст меорад. Тамоми донишҷӯён метавонанд мақолаҳои ҷолиби худро бар мо ирсол кунанд.

Ҳоло бошад, аз онҳое, ки ҷиддан ва самимона мехоҳанд бо маҷаллаи "Ватан" ҳамкорӣ дошта бошанд, илтимос мекунем, ки ба мо муроҷият кунанд.

Ман бовари комил дорам, ки ҷавонони тоҷик барои ояндаи миллати шукуфони хеш нақши бузургеро хоҳанд бозид. Пас хоҳиши ман аз Шумо ҳамватанони азиз ин ҳаст, ки иттифоқ шуда, корҳои Ватанро пеш барем, то ин ки дар оянда мӯҳтоҷ ба касе нашавем.
Тоҷикистон ҳамеша эҳтиёҷ ба мо, ҷавонон, дорад.

Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад. Ин қатраҳо, бешубҳа, ҷавонон мебошанд.

Ҷовидони Тиллозод,
Раиси Шӯрои донишҷуёни тоҷик дар Туркия, донишҷӯи Донишгоҳи техникии шаҳри Истанбул
jovidon@gmail.com

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG