Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Савганди нави Ҳомиди Карзай, президент Афғонистон


Ҳомиди Карзай имрӯз ӯҳдадор шуд, ки бо шурӯи даври дуюми раҳбарии вай ба ҳайси раиси ҷумҳурии Афғонистон дигар “ба фарҳанги беҷазоӣ дар ин кишвар” хотима дода мешавад. Карзай дар маросиме дар шоҳидии садҳо раҳбарони қабилаӣ, мақомот ва меҳмонҳои баландпояи хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, президенти Покистон Осифалии Зардорӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ савганд ёд кард. Вай гуфт:

“Ба номи худованди бузург: савганд ёд мекунам, ки дини муқаддаси исломро итоат ва аз он ҳимоят кунам, қонуни асосӣ ва соири қавонинро риоят ва аз татбиқи он мувозибат намоям”.

Дар суханрониаш гуфт, ки вазирони ҳукумати нави ӯ бояд “мусаллат, касбӣ ва омодаи хизмат ба миллат” бошанд. Вай гуфт, ки аз хатоҳои гузашта сабақ хоҳад гирифт. Карзай ҳамчунин аз рақиби пешинааш доктор Абдуллоҳ даъват кард, ки ба хотири шукуфоии миллат ҳамроҳ кор кунанд. Ҳомиди Карзай рӯзи 2 ноябр баъди бекор шудани даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон расман соҳиби ин мақом эълон шуд. Дар пешорӯи вай чолишҳои хеле зиёду ҷиддии мисли адами амният ва афзоиши ошӯбҳои Толибон, фасодзадагии ҳукумат ва мизони баланди бекорӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG