Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай савганд ёд кард


Ҳомиди Карзай бо Қуръон савганд хӯрд.
Ҳомиди Карзай бо Қуръон савганд хӯрд.

Ҳомиди Карзай гуфт, бо шурӯи даври дуюми раҳбарии вай ба ҳайси раисҷумҳури Афғонистон дигар “ба фарҳанги беҷазоӣ дар ин кишвар” хотима дода мешавад.

Карзай дар маросиме дар шоҳидии садҳо раҳбарони қабилаӣ, мақомот ва меҳмонҳои баландпояи хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, президенти Покистон Осифалии Зардорӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ савганд ёд кард. Вай гуфт:

“Ба номи Худованди бузург савганд ёд мекунам, ки дини муқаддаси Исломро итоат ва аз он ҳимоят кунам, қонуни асосӣ ва соири қавонинро риоят ва аз татбиқи он мувозибат намоям”.

Hamid Karzai's Inauguration
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00


Дар суханрониаш гуфт, ки вазирони ҳукумати нави ӯ бояд “мусаллат, касбӣ ва омодаи хизмат ба миллат” бошанд. Вай гуфт, ки аз хатоҳои гузашта сабақ хоҳад гирифт.

Карзай ваъда дод, ки дар баробари ҷадал баҳри таҳкими назму субот ба хотири мусолиҳаи миллӣ Лоя Ҷирга ё худ Анҷумани раҳбарону пирони қабилаҳои афғонро даъват хоҳад кард. Президенти афғон мубориза бо фасодро дар як саф бо муҳимтарин вазифаҳои давлат таъкид кард.

Карзай ҳамчунин аз рақиби пешинааш доктор Абдуллоҳ даъват кард, ки ба хотири шукуфоии миллат ҳамроҳ кор кунанд.

Дар паёми Карзай мубориза бо фасод хотирнишон шуд.
"Вазирони ҳукумати Афғонистон бояд босалоҳият ва дар хидмати мардум бошанд. Мансабдорони воломақом, бахусус, вазирону муовинони онҳо, ҳамроҳ бо волиёни вилоятҳо бояд ҳисобу даромади худро сабт кунанд. Мо ҳамроҳ бо парламент лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунем, ки назорати дороии мансабдорони воломақомро мадди назар дорад."

Ҳомид Карзай бо ибрози сипос ба ИМА ва кишварҳои ғарбии кӯмакрасон дархост намуд, ки назорати иҷрои барномаҳои ёрӣ ба дасти ҷониби афғон гузарад:
"Дар давоми панҷ соли оянда Афғонистон бояд ба давлате табдил ёбад, ки ба муҳофизат аз худаш қодир аст. Ва иншоололлоҳ, дар тамоми гӯшаҳояш сулҳ пойдор мешавад. Иншооллоҳ Афғонистон дорои низоми тавонои демократӣ хоҳад шуд. Ва даҳҳо ҳазор фарди афғон бозсозии кишварро амалӣ хоҳанд кард ва ё шоҳиди ин раванд хоҳанд шуд. Ва ҳамаи шаҳрҳо ва ҳамаи деҳаҳои кишвар аз нерӯи барқ баҳрабардорӣ хоҳанд кард."

Ҳомид Карзай охири соли 2001-ум зимни конфронси зери раҳбарии СММ, ки дар шаҳри Бонни Олмон барпо шуда буд, раҳбари идораи муваққати Афғонистон интихоб гардида буд. Моҳи июни соли 2002-ум Анҷумани пирони афғон ӯро ба мансаби президенти Афғонистон дар давраи дусолаи гузариш интихоб кард. Ва билохира соли 2004-ум дар ҷараёни аввалин интихоботи демократӣ Карзай ба муддати панҷ сол президенти Афғонистон интиххоб шуд.

Ҳомид Карзай рӯзи 2-юми ноябр баъди бекор шудани даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон расман барои бори дуввум соҳиби ин мақом эълон шуд.
XS
SM
MD
LG